Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Исҳоқбобо-2008” бунёди сардхонаро барои нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта, имрӯз бахшида ба 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистони ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми онро мавриди истифода қарор доданд. Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи иншоот […]
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода кишти пунбадона муташаккилона идома дошта, тибқи маълумоти сарагрономи шаҳр Файзуллоев Абдукарим кишоварзони шаҳр соли 2022 дар майдони 1000 га кишти навъҳои пунбадонаи “Истиқлол” “Дӯстӣ” , “Флеш” “Фаровон” ва ғайраро ба нақша гирифтаанд. Мавсими кишт аз 6 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, ба ҳолати 14 апрел як қатор ҷамоатҳои деҳот аз иҷрои […]
Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд. Дар ибтидо раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобот манзур намуданд. Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри […]