Об манбаи ҳаёт ва бе он ҳаёт вуҷуд надорад. Тоҷикистони азизи мо, ки як кишвари Худодод аст, аз манбаи оби ошомиданӣ ва ҷиҳати экологӣ бой буда, аҳолӣ аз таъмини он танқисӣ намекашад. Яъне мо кӯлу дарёҳои зиёде дорем аз ҷиҳати экологӣ тоза. Дар обёрии зироатҳои кишоварзӣ низ обҳои ошомиданиамон ба истифода дода мешаванд. Аммо, баъзан носипосӣ мекунем нисбати обҳои ширини рӯду ҷӯйборҳои аз назди ҷойи истиқоматиамон ҷоришаванда. Баъзе ашхос хобрӯбаву партовҳои ҳавлиашонро ба оби равон андохта, ин неъмати бузургро ғуборолуд ё ифлос мекунанд. Ба хотир намеоранд, ки ин рафторашон ғайриинсонист. Муҳтарам Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба қадри об бирасем, онро тоза нигаҳ дорем ва сарфакорона истифода барем. Зимни баромадҳояшон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси норасоии оби ошомиданӣ дар ҳамаи қитъаҳои олам, камшавии захираҳои об ва пешгирӣ намудани ин муаммо андеша рондаанд. Ва дар бобати ҳалли проблемаи норасоии об дар ҷаҳон борҳо ташаббусу пешниҳодҳои судбахш манзур кардаанд, ки онҳо ҷонибдорӣ ёфтаанд. Боз як мисоли равшан. Бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эъломияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба оламиён пешниҳод гардид. Ин иқдомро 177 давлати дунё – аъзои Созмони Милали Муттаҳид самимона ҷонибдорӣ карданд. Бо хушнудӣ бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об, ки ба 22 март рост меояд, ин Даҳсолаи байналмилалӣ расман оғоз мегардад. Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд: «Дар мамлакати мо, ҳамчунин Конфронси сатҳи баланд ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд гузошт». Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки қабули ин санади муҳим куллан барои тамоми кишварҳои олам дар роҳи бартарафсозии мушкилоти оби ошомиданӣ хидмат хоҳад кард. Амалӣ гардидани ин санади басо муҳим бошад, мардуми сайёраро аз истеъмоли оби тираву ифлос наҷот мебахшад. Мо омӯзгорон бояд ҳини машғулиятҳо ё берун аз дарс шогирдонро оид ба аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо таҳлили амиқ воқиф бисозем ва ба он ҳидоят намоем, ки ба қадри об бирасанд ва баҳри беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзи он аз нопокиҳо саъй намоянд. ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки тамоми мавҷудоти олам аз ҳастии об аст. Рухшона ХӯҷАЕВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №66-и шаҳр.
Сабтҳои охирин
Один на один с санкциями: Ирану отказали в инвестициях
За последние несколько дней средства массовой информации сообщили о том, что проекты в Иране прекратили и российские и китайские компании.
ЭЪЛОН- ОЗМУН!!!
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ТОЗАГИИ МАНБАЪҲОИ ОБӢ – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ» озмуни ҷумҳуриявиро миёни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4,5-8, дар 6 номинатсия- расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, […]
ВОЙ БАР ЊОЛИ РОСТГЎЙИВУ ЊАЌИЌАТНИГОРЇ!
Мусоњибаи ба ном як тан аз њомиёни њуќуќи башар ва кўдак Шабнам Худойдодова дар сомонаи ифротии Сайидюнуси наҳзатї зери сарлавњаи пурњангомаи «Ҳимоят аз ҳуқуқи кўдакон, барои ман дар дараљаи аввал қарор дорад» нашр шуд. Воќеан, тамоми мусоњибаю матолиби нањзатї ва ба ном мухолифинї тањти сарлавњањои њангомабарангез интишор меёбанд. Мусоњиба кўтоњ аст, аммо дар ин мусоњибаи […]