Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 октябри соли 2022, аз ҷониби роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Заркамари Ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмонов барои 300 нафар кӯдак оғоз гардид.Мутобиқи лоиҳаи сохтмонӣ муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, мувофиқи талаботи меъмории муосир бунёд мегардад ва дар дохили он ошхона, толори фарҳангӣ, утоқҳои алоҳидаи таълиму тарбия ва дар саҳни он майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
