Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва […]
Тибқи қарори иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО солҳои 2018-2019 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Сайидои Насафӣ тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ ҷараён мегиранд. Хусусан ба ифтихори шоир дар саросари […]
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошт ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода […]