ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва Сешанбе таъмири беш аз 6 километри роҳҳои деҳоти мазкурро оғоз намуданд, ки дар ин кори хайр сокинони маҳал низ тариқи ҳашар кӯмак мерасонанд. Соли равон дар шаҳр таъмири мукаммали 40 километр ва таъмири ҷории беш аз 100 км роҳҳои байнидеҳавӣ дар нақша аст.