Соли ҷорӣ майдони маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода беш аз 9000 гектарро ташкил дода, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳасили дастранҷи деҳқон муташаккилон идома дорад. Муддати чанд рӯзи охир беш аз 250 гектар маҳсулоти ғалладона ҷамъоварӣ ва ҳамзамон майдони кишти такрорӣ омода гардид. Деҳқонони шаҳр зимни кишти такрорӣ дар майдони 150 га шолӣ ва дар майдони 50 га […]
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷараёни кишти такрорӣ ва иҷрои корҳои созанда муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд. Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам роҳбаладӣ ва бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос намуданд. Гурӯҳи корӣ дар […]
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин 2006” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии дастранҷи деҳқон шиносоӣ пайдо намуд. Масъулини хоҷагӣ иттилоъ манзур намуданд, ки заминҳои хоҷагорӣ аз 4 га иборат буда, дар он парвариши сабзавот, пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ хоҷагидорон дар 0,25 гектар замин […]