Здоровье

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТ

print

Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии корвони саломатӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳҳизоти баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайраҳо маърӯзаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш гардида, инчунин моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Давоми 10 рӯз корвони саломатӣ дар деҳаҳо беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, нтернатсионалистҳо, чернобилчиён, шахсони муътабар ва дигар нгиёзмандонро хона ба хона хабар гирифта, муоина ва машварати тиббӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии деҳавӣ тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тақриби 8000 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхис фаро гирифта шуда, ба беморони дарёфтгардида тавсияҳо барои табобат фармуда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад.

Менедҷери КАТС –и

шаҳри Турсунзода

РУСТАМОВ ШАРОФИДДИН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *