Хабарҳо

БО ДУОИ КӮРМУШ БОРОН ҲАРГИЗ НАБОРАД!

print

Хитобияи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Турсунзода дар мавриди ҳамоиши аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро дар шаҳри Дортмунди Олмон

Мо омӯзгорони МТМУ №1-и шаҳри Турсунзода аз ҳамоиши аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро дар шаҳри Дортмунди Олмон хабардор гардида, ин чорабинии шармандавори хиёнаткоронаро сахт маҳкум менамоем ва ба ташкилкунандагону дастандаркорони он нафрату лаънат мехонем!

Ростӣ, ҷараёни ин ҳамоишро тамошо карда, ба хулоса омадем, ки фармудаи бузургон:

Гургзода оқибат гург шавад,

Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад,

ҳакиқати воқеӣ доштааст.

Ин гургзодаҳо, ки имрӯз дар хориҷи мамлакат устухони ба мисли дар назди саг партофтаи хоҷагони манфиатҷӯи худро хоида, косаҳои айши онҳоро лесида, либосҳои дастидуввуми (second hand) онҳоро пӯшида, мисли кӯрмушҳо гоҳе аз зери замин сар мебардоранду аз гармии офтоби сулҳу ваҳдати тоҷикон ба сӯзиш омада, дуои борон мекунанд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки «Бо дуои кӯрмуш ҳаргиз борон наборад!».

Фаромӯш кардаанд, ки сулҳу ваҳдат маҳз бо талоши мардони фарзонаи миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаасту ҷониби ИНОТ дар он маъракаи муҳими сиёсӣ танҳо манфиатҳои ҳирсонаи худро ҳифз карда буду халос.

Фаромӯш кардаанд, ки мардуми тоҷик насли Спитамену Шерак, Коваю Рустам, Темурмалику Восеъ буда, дигар ҳеҷ гоҳ ба фиреби он нобакорони хиёнатпеша намегараванд ва ба мисли он кӯрмушон ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони манфиатҷӯи хориҷӣ намешаванд.

Фаромӯш кардаанд, ки дигар ҳарфҳои бофтаву табассумҳои сохтаву ашкҳои дурӯғини онҳо дили ҳеҷ як тоҷикистониро «об» намекунад.

Фаромӯш кардаанд, ки даҳ – дувоздаҳ нафар дузду ғоратгар, даҳ – дувоздаҳ нафар нопоку хиёнаткор наметавонад аз номи як миллати бузург сухан ронад.

Фаромӯш кардаанд, ки онҳоро миллати бузург кайҳо лаънат хондаасту маърӯзаҳои пур аз лофашонро онҳоро ба мисли мазҳакае тамошо мекунад. Бале, тамошо мекунад, намешунавад ва барои даркаш кӯшиш ҳам намекунад, чунки медонад, ин манфурон побанди ҳирсу тамаъ ва ҳадафҳои разилонанд.

Ба Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бошад, боз мегӯем, ки нафрату лаънати миллат ва Худои бузург бар шумо бод! Ин сарбардориҳои шумо натиҷае надорад, ва нахоҳад дошт. Худро «қаҳрамони миллӣ» (ба гуфтаи Кабирӣ) натарошед, шумо хиёнаткор ва душманони миллатед!

Сад бори дигар ин ҳамоиши мазҳакавии беақлону беандешагон ва дастандаркорони манфиатҷӯи онҳоро маҳкум менамоем ва ба миллати сарбаланди тоҷик муроҷиат карда гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ аз ин ҷорзаниҳои кӯрмушон дилозурда нашаванд ва бо меҳнати аҳлона дар партави сулҳу ваҳдат ва осоиштагиву ягонагӣ диёри гулрезамонро боз ҳам ободтар намоянд!

Ба фармудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад!»

Шукри беандоза, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, рушду нумуъ ёфт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ва дар кишвар ваҳдату сулҳ пойдор аст.

Мо аз ҷониби худ бо шукргузорӣ аз неъматҳои офаридаи Худованд намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷой гирад. Душманони миллат донанду фаромӯш насозанд, ки мо омӯзгорон дар ин самт тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем ва ғолибият дар ин набард аз мост!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *