Хабарҳо

ЭЪЛОН

print

21 АПРЕЛИ СОЛИ 2026


МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони
воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода – як ҷой, маоши мансабӣ 2279-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода – як ҷой, маоши мансабӣ 1862-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи кор бо компютер.

3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода – як ҷой, маоши мансабӣ 1529-00 сомонӣ;
4. Мутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода (самти агрономӣ) – як ҷой, маоши мансабӣ 1529-00 сомонӣ;
5. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода – як ҷой, маоши мансабӣ 1529-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи кор бо компютер.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр:

1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сешанбе – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Работ – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
3. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Работ – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
4. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Регар – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
5. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Регар – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
6. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Тӯйчиев – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;
7. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Тӯйчиевм – як ҷой, маоши мансабӣ 2071-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер.

8. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
9. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Работ – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
10. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
12. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Регар – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
13. Мутахассиси пешбар – нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
14. Мутахассиси пешбар – нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сешанбе – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;
15. Мутахассиси пешбар – нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Регар – як ҷой, маоши мансабӣ 1695-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи кор бо компютер.
16. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қаратоғ – як ҷой, маоши мансабӣ 1390-00 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кўчаи М. Турсунзода 130/45, телефон: (8-31-30) 2-22-07, 2-25-96
www.tursunzoda.tj, Email: hukumattursunzoda@mail.ru

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ сурат мегирад.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *