Хабарҳо

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ҶОМЕА БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

print
Таҳти ин унвон дар Кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар, дотсенти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, номзади илм – Расулов Сайфиддин Худоиевич, коршиноси масоили сиёсӣ, номзади илм корманди масъули Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон – Илҳомҷон Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Турсунзода – Эҳсонзода Мусулмон Қобил ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд ва масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар меҳвари асосии суханронии баромадкунандагон буд.
Муҳтавои асосии Конференсияи илмӣ назариявӣ мавзуҳои тарбияи ватандустии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, маданият ва масъулияти истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар гирифт. Таъкид шуд, ки табаддулоти замони муосир ва раванди муборизаҳои иттилотӣ ҳар яки моро водор месозад, ки дар истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ваъдаҳои хаёлии гурўҳҳои ифротгаро ва тафриқаангез нашавем.
Зикр шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳнамоии хоҷаҳои хориҷиашон, ки мақсадашон тафриқаангезӣ дар ҷомеаи ободу пешрафтаи Тоҷикистон мебошад, дини исломро ниқоби худ карда, нуқтаҳои ҳассоси аҳли ҷомеа, мафкураи гурўҳҳои осебпазир, махсусан ҷавонону наврасонро ҳадафи худ қарор дода, ба доми худ мекашанд.. Мо бояд арзишҳои миллии худро эҳтиром гузорем, худшиносиву ҳуввияти миллиро аз даст надиҳем, дастовардҳои даврони истиқлолият ва хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатро ҳамеша қадр намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи мӯҳтарам Президенти кишвар муттаҳид гардида, барои ободии ҷомеа тамоми имкониятамонро равона созем.
Ҷавонону наврасон расонаҳои интернетиро барои баланд бардоштани савияи дониши худ, такмил додани касбу ихтисоси худ ва муборизаи иттилоотӣ бар зидди иғвогарону бадхоҳони Ватани азизи мо бояд истифода баранд.
Дар ин самт нақши волидон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Дар қисмати музокироти конфронс шунавандагон барои ин мулоқоти сатҳи баланд ва пурмазмун, ки ҷомеаро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ водор месозад, изҳори сипос намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *