Таҷлил

ТАНТАНАИ РӮЗИ МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба ин муносибат кормандони мақомоти милитсиярро муборакбодӣ намуда, иброз доштанд, ки милитсияи тоҷик дар масири фаъолият вазифаи мураккабу муҳими давлатиро иҷро намуда, хизмати арзандаро имрӯзҳо низ сарбаландона идома дода […]

Таҷлил

МИЛИТСИЯ- СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи милитсия Муҳтарам кормандон, собиқадорон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ! Боиси ифтихору шукргузорӣ аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи милитсияи тоҷик дар фазои осоишта ва сулҳу амнияти кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ба ин […]

Хабарҳо

ДИПЛОМ ВА ҶОЙИ 1 АЗ ФЕСТИВАЛИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

Санаи 7 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали оши палав ва Фестивали таомҳои миллӣ баргузор шуд, ки дар рафти он ошпазҳои номвари шаҳру деҳоти мамлакат ширкат варзиданд. Ошпазҳои шаҳри Турсунзода бо пешниҳоди оши палав ва дигар таомҳои миллӣ ба ишғоли ҷои 1-ум ва Диплом мушараф гардиданд. Фестивали мазкур дар доираи наќшаи чорабиниҳои Солҳои рушди […]

Хабарҳо

ДИПЛОМ АЗ ОЗМУНИ ҚАННОДӢ ВА ҲАЛВОПАЗӢ

Дар доираи тадбирҳо доир ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии қаннодӣ ва ҳалво,баргузор шуд. Дар баробари қаннодони шаҳру навоҳии мамлакат ҳунармандони шаҳри Турсунзода низ дар озмун ширкат варзида, ба гирифтани диплом ва зинаи 3 сазовор дониста шуданд   Комментировать Поделиться

Таҷлил

ТАНТАНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ҷамоатҳои деҳот, собиқадорони меҳнат ва ҷавонони фаъол чорабинии тантанавӣ доир гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуда, қайд кард, ки […]

Суханрониҳои раис

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз, Боиси  шукргузорист, ки дар кишвари азизи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар манотиқи кишвар сокинони шаҳри Турсунзода Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар […]

Саноат

БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” корхонаи пахтатозакунии шаҳри Турсунзода – ҶДММ “УТАГАН-К” ҳамарӯза беш аз 30 тонна маҳсулотро коркард менамояд. Имрӯз аз ҷараёни фаъолияти корхона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дидан намуданд. Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки корхона дар баробари тоза ва тойбандӣ намудани пахта, ҳамчунин барои кишоварзон навъҳои гуногуни тухмии […]

Кишоварзӣ

НАҚША 114,5 ФОИЗ ИҶРО – ҲОСИЛ ФАРОВОН АСТ

Кооперативи истеҳсолию тиҷоратии “Самир” аз хоҷагиҳои пешқадами кишоварзии шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, деҳқонони хоҷагӣ баробари парвариши дигар намуди зироатҳо соли ҷорӣ дар парвариш ва руёнидани ҳосили фаровони пахта низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Шавкат Холов иттилоъ дод, ки хоҷагии дар 170 га замин пунбадона кишт карда, то имрӯз беш […]