Суханрониҳои раис

Паёми муборакбодии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳамдиёрон ва ҷавонони азиз! Бо шарофати сиёсати ҷавонпарварона ва пайкори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари озоди мо бо субот рушду нумуъ ёфта, ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Имсол Рӯзи ҷавонон дар доираи тадбирҳои идона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии […]

Таҷлил

МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ

Имрўз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо як қатор ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи Президенти мамлакат мулоқот доир намуд. Нахсуст раиси шаҳр доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои падаронаи муҳтарам Пешвои миллат ва шароити мусоиди хониш ва кору фаъолият фароҳамовардашуда ба ҷавонони Ватан суханронӣ намуда, иброз […]

Хабарҳо

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Имрӯз баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат роҳпаймоии ҷавонони шаҳр таҳти унвони “МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!” баргузор шуд. Роҳпаймоӣ аз наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол” то майдони Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифта, беш […]

Иқтисодиёт

ВОХУРӢ БО СОҲИБКОРОН

 Дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам бо соҳибкорон доир гардид. Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар кишвар ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, соҳибкорон дар рушди иљтимоиву иқтисодии мамлакат […]

Иқтисодиёт Хабарҳо

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ»

Имрӯз дар Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андрзсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа”  дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ”  баргузор гардид. Дар ифтитоҳи озмун муовини раиси шаҳри Турсунзода Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ  суханронӣ намуда, нақши гузаронидани чунин озмунҳоро дар боло бурдани дониши иқтисодию ҳуқуқӣ дар самти қонунгузории соҳаи андози кишвар муҳим […]

Хабарҳо

РӮЗНОМАНИГОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН МЕҲМОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз рӯзноманигорони Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон  ҷиҳати таҳияи барномаи тарғибкунандаи дӯстӣ ва имкониятҳои васеи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадии байнидавлатии “Дӯстӣ” мавқеъ дар шаҳри Турсунзода меҳмононро муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат дар фазои тантанавӣ пазироӣ ва бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода шинос намуд. Ҳамчунин […]

Варзиш

ДАВИ МИЛЛӢ – ТАРҒИБГАРИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Имрӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар шаҳри Турсунзода чорабинии варзишии дави миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 3000 нафар намояндагон аз сохтори мақомоти иҶроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву муассисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ширкат варзиданд. Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода […]

Таҷлил Фарҳанг

БАЗМИ ШАШМАҚОМ

Яке аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик Шашмақом ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Имрӯз ба ин муносибат дар толори кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода Рӯзи Шашмақом таҷлил гардид. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия мухлисони санъати ниёгон ва ҳунармандонро ба муносибати […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Иди саиди Фитр беҳтарин арзишҳои инсониро таҷассум намуда, бо файзу баракат, дуои неку хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона дар ќалби хурду бузурги Ватан маҳбубияти хоса дорад.  Аз ин лиҳоз, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иди саиди Фитрро ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳр табрик намуда, сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракатро орзу менамоем. Ҳозирини […]

Фарҳанг

КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ САНЪАТ

Имрӯз 10 майи соли 2021 дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии МД мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар ҷараёни консерт бо иштироки муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, волидон ва устодони хонандагони муассиса ширкат намуданд. Дар […]