Иҷтимоиёт

ХАЙРУ САХО -ФАЗИЛАТИ РАМАЗОН

print

Яке аз фазилати бузурги моҳи шарифи Рамазон дастгирии ниёзмандон буда, муҳтарам Пешовои миллат ҷиҳати дастгирии ниёзмандон зимни баромадҳои хеш таъкид намудаанд, ки “Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  пайкори инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, дар ҳамкорӣ бо саховатмандону соҳибкорон ва ташкилотҳои хайриявӣ дар самти дастгирии ниёзмандон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Чунин як амали хайр имрӯз дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сурат гирифт, ки ба 50 нафар аз оилаҳои ниёзманду маъюбон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили маводи маҳсулоти ниёзи аввал расонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *