Хабарҳо

ГУЗОРИШҲО АЗ САФАРИ МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Боиси шарафу иқболи ҳар як сокини шаҳри Турсунзодааст, ки соли ҷорӣ ду сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода ба вуқуъ пайваст. Зимни сафарҳо муҳтарам Пешвои миллат барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ ба кишоварзон баҳои баланд доданд. Дар ин замина ҷиҳати рушди соҳа ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ба меҳнаткашон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар доираи сафари кории муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода  ва сазовор пешвоз гирифтани 29-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр боз 26 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Иштироки муҳтарам Пешвои миллат дар оғози ҳосилғундории пахта ва шолӣ, ифтитоҳи хати нави зеристгоҳи “Равшан”, майдони Парчами давлатӣ, маркази табобатии “Нури шифо”, корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор 2008”,  коркард  ва  хушк намудани  ангур,  инчунин боздид аз хоҷагиҳои “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Боғи Сомон” ба кулли сокинони шаҳр рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Сафарҳои корӣ ва дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки  софдилона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумат ва Роҳбарияти олии  мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати рушду пешрафти Ватан ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр кӯшиш ба харҷ диҳем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *