Хабарҳо

ЭҲСОНКОРОНИ  ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

  Боиси таҳсину офарин аст, ки ҷиҳати дастгирии ҳамдиёрон ва кормандони соҳаи тиб  як қатор соҳибкорони маҳаллии шаҳри Турсунзода, бо эҳсоси баланди ҷавонмардӣ  ба хотири ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар паҳлӯи ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (СОVID-19)   дар шаҳри Турсунзода  қарор дошта, дасти мадад ва хайру эҳсон дароз мекунанд.

Амали хайри ин ҷавонмардони Ватан боиси эҳтиром ва пайравист. Соҳибкори маҳаллӣ Нурматов Ӯрунбой ба маблағи 52000 сомонӣ ҷиҳати харидории  либоси махсуси тиббӣ саҳмгузорӣ намуд.

Соҳибкори маҳаллӣ Мадраҳимов Шавкат ба Маркази ёрии таъҷилӣ як воситаи нақлиёти Hyundai Starex тақдим намуда, инчунин барои беморхонаҳои шаҳр ба маблағи 15000 сомонӣ таҷҳизот ва маводи зарурии тиббиро харидорӣ намуд.

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қараев Рустам ба маблағи 17500 сомонӣ маводи тиббӣ аз қабили доруворӣ, дастпӯшак, айнак ва ниқобҳо харидорӣ ва  ба беморхонаҳои шаҳр, инчунин оилаҳои ниёзманд эҳдо гардид.

 Ҷиҳати таъмири мукаммал ва муҷаҳҳазгардонии ошёнаи якуми Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи Марказии шаҳр клиникаҳои хусусии Раҳматуллоев Раҳимҷон, Назаров Маҳмадалӣ, Алимардонов Алиҷон Каримова Мавлуда ва дигарон саҳми муносиб гузоштанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *