Таҷлил

БУЗУРГДОШТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар асоси  дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошт ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  […]

Таҷлил

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 15.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. […]

Таҷлил

САҲМИ МУЛЛОҶОН САЪДУЛЛОЕВ ДАР ТАШКИЛ ВА РУШДИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САЪДУЛЛОЕВ МУЛЛОҶОН яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1903 дар оилаи оҳангар дар деҳаи Қаратоғ (д. Қаротоғи ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА) таваллуд шуда, ҳаёти кӯдакӣ ва овони ҷавонияш ба сифати батрак ва бофанда дар даргоҳи бой гузаштааст. Баъд аз инқилоби Бухоро аз соли 1921 ба сафи […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва иштироки кормандони соҳаи матбуоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд.Раиси шаҳр зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки матбуоти шаҳри Турсунзода таърихи 85 сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи Истиқлоли давлатӣ рост меояд. Дар […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ТУРСУНЗОДА

Дар шаҳри Турсунзода ҷашни Сада бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А, инчунин кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеъи сокинон бо шукуҳу шаҳомат ва мутантан, бо шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат таҷлил гардид. Ҷашни Сада ҳамчун мероси бостон бо нигоҳ ба талаботи замон, пайванд ба ниёгон дар сартосари мулки номдори тоҷикон, бо […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ 26-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 Конфронси навбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, собиқадорон ва фаъолони ҳизбӣ санаи 10 декабр баргузор гардид, ки ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуд. Дар ибтидо Абдураҳимова Дилбар Паёми табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]

Таҷлил

ТАНТАНАИ РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар майдони Парчами давлатӣ сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Зимни паёми шодбошӣ раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иброз дошт, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик таърихи ҳазорсолаи парчамдорӣ дошта, бо шарофати Истиқлолият ҳамчун таҷассумгари […]

Таҷлил

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз! Боиси шарафмандии ҳар яки мост, ки бо рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан ва шукргузорӣ аз сулҳу амнияти кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни пурифтихор – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки афсарон, хизматчиёни шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва собиқадорони соҳа маҷлиси ботантана доир гардид. Бо ин муносибат табрикоти роҳбарияти шаҳрдорӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳа расонида шуда, таъкид гардид, ки […]

Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рўзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд, ки дар рафти он роҳбаорияти шаҳрдорӣ, варзишгарон, мураббиёну собиқадорон, кормандони соҳаи варзиш ва намояндагони корхонаву ташкилоти шаҳр ширкат намуданд. Чорабинӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Дар қисми тантанавӣ паёми табрикотии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр […]