Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Хабарҳо

ТЭТ ҲНИТ- ҚОТИЛИ ЖУРНАЛИСТОН ВА ДУШМАНИ ОЗОДИИ СУХАН

  Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно – як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ҶАВОНОНРО АЗ АМАЛУ РАФТОРИ НОҶО НИГОҲ ДОРЕМ

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гарид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор […]

Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Саноат Сиёсат Хабарҳо

САМТҲОИ ГУНОГУНИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа меҳисобад. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми […]

Нуқтаи назар Сиёсат

ПАЁМ РАВАНДИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯРО ТАКОН МЕБАХШАД

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки «Мо диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мекунем, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд». Ин фармудаи Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки дар […]

Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Нуқтаи назар Саноат Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА  БАҲРИ ИДОМАИ БУНЁДКОРИҲО

Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ аз 8-ум то 16-уми январи соли равон сафарбар шудаанд.  Аз ҷумла ба шаҳри Турсунзода низ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси Комиссияи интихобот ва […]

Нуқтаи назар Сиёсат

АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ

Амали ваҳшиёнае, ки чанде пеш дар яке аз масҷидҳои Мисри Араб рух дода  чанд касро қурбон кард ва дар байни қурбониён ноболиғон низ мавҷуд буданд, дунёро ба ларза овард. Ҳамлагарон баъзеҳояш дар рӯй ниқоб ва дигарҳояш бо ришу мӯисари дароз 25-30 сола будаанд. Дар ин амалиёт 305 нафар кушта шудаанд, аз ҷумла 27 нафар ноболиғон, инчунин […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат

ШАҲРДОРӢ НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2017

Маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 таърихи 5 январ таҳти роҳбарии Саломзода Сиҷоуддин бо иштироки намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Кишоварзӣ Саноат Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ДАЛЕЛҲОИ ХОТИРМОНИ СОЛИ 2017

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Дар  ин сол ҷавонони шаҳри Турсунзода низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри таҳсили аъло намудан, касбомӯзӣ ва ободкориҳои сарзамини аҷдодиамон саъйи беандоза намуданд. *** Моҳи феврал Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин […]

Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ИТТИЛОИЯ АЗ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМ

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Сиҷоуддин Саломзода  санаи 27  декабри соли равон  баргузор шуд. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, […]

Нуқтаи назар Сиёсат

БА ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ИБРАТ НИГАРЕМ

«Манфиатҳои идеологӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ якдигарро иваз кардаанд, вале манфиатҳои миллӣ ва халқу Ватан ҷовидонаанд». Эмомалӣ РАҲМОН Таърихи халқи тоҷик пур аз  корнамоиҳои бузурги фарзандони асили миллат аст, ки барои имрӯзиён намунаи ибрат мебошад. Дар ин хусус  фанни таърих мисолҳои зиёдеро ба ихтиёри омӯзгор вогузор намуда, дар тарбияи ватандӯстии шогирдони мактаб  саҳми босазо мегузорад. […]