Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг Хабарҳо

ЭЪЛОН- ОЗМУН!!!

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ТОЗАГИИ МАНБАЪҲОИ ОБӢ – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ» озмуни ҷумҳуриявиро миёни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4,5-8, дар 6 номинатсия- расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, […]

Иҷтимоиёт Фарҳанг

ҒАЛАБА ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар шаҳри Ялтаи Ҷумхурии Қрим фестивали VII байналмилалии кушоди мусицию адабии «Ялос» ба номи Лев Болдов бо иштироки беш аз 200 шоиру нависанда ва сароянда аз давлатҳои Федератсияи Росия, Белорус, Қазоқистон, Исроил, Молдова, ва  Тоҷикистон баргузор шуд.  Мақсади фестивал тарғиботи шеъру суруди муосир, таҳкими равобити эҷодӣ ва дўстонаи шоирону бастакорон дар сатҳи байналмилалӣ буда, рафти онро […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ ҲАНГОМИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛЛОДА

 Ҳама сола аз санаи 10 апрел то итмом расидани таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ рȳзҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Турсунзода  аз 20 сентябри соли 2017 №1058 «Дар бораи ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ – сардорон, ҳайати шахсии нерȳҳои ғайриҳарбӣ, омȳзиши коргарону хизматчиён ва аҳолии дар истеҳсолот  машғулнабуда оид ба мудофиаи […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ИТТИЛОИЯ АЗ ИҶЛОСИЯИ ЧОРДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Санаи 2 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи чордаҳуми (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он даҳ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.            Дар кори иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

Таърихи 2 апрел  ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳрдорӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.    Зимни суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ зиёда аз 1000 ҷавонони далери шаҳр хизмат намуда, даъватшавандагони нав ба сафи […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БОЗ ҲАМ ЗЕБО МЕШАВАД

Дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ дар авҷ аст.  Хусусан дар гирду атрофи бозорҳо ба танзим даровардани нақлиёт амалӣ гардида, бар ивази танбаи доимии нақлиёт ду шафати роҳҳоро гулдонҳои зебо бо гулҳои шукуфон оро медиҳад. Хатсайрҳо тибқи самти ҳаракат ба ҷойҳои мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи бехатарии роҳ кӯчонида шуд. Алалхусус терминали “Ваҳдат-2012”, баъд аз ифтитоҳи ботантана, […]

Иҷтимоиёт

АМАЛИ ХАЙР

Дар Хонаи кӯдакони ш.Турсунзода  бахшида ба иди байналмилали Наврўз аз ҷониби хадамоти амнияти КВД «Ширкати Алюминийи Тољик» кӯмаки моддӣ расонида, дастурхони идона ороста шуд. Кӯдакони муассиса амали хайри эҳсонкоронро бо сипосгузорӣ қабул намуда,  ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай шеъру таронахонӣ намуданд.

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Фотолавҳа

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

  Наврӯзи байналмилалиро мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тоза зери Парчами  якдиливу ҳамбастагӣ пешвоз гирифтанд. Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ҳайати меҳмонон- намояндагони шаҳру навоҳии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистонро, […]

Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

   Дар шаҳри Турсунзода 20 марти соли 2018 ба муносибати Рӯзи фарҳанг бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода  Абдуқодир Вализода маҷлиси ботантана баргузор шуд. Абдуқодир Вализода кормандони фарҳанги шаҳрро ба муносибати “Рӯзи фарҳанг” табрик намуда, изҳор дошт, ки  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  рушди […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

Барои насли навраси деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Наврӯзи имсола хотирмон оғоз гардид. Зеро дар арафаи ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ дар МТМУ №92 деҳа бо ибтикори соҳибкорон ва саховатмандони маҳаллӣ толори варзишӣ бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба ин муносибат дар муассисаи таълимӣ маҷлиси ботантана баргузор […]