Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ ҲАНГОМИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛЛОДА

 Ҳама сола аз санаи 10 апрел то итмом расидани таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ рȳзҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Турсунзода  аз 20 сентябри соли 2017 №1058 «Дар бораи ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ – сардорон, ҳайати шахсии нерȳҳои ғайриҳарбӣ, омȳзиши коргарону хизматчиён ва аҳолии дар истеҳсолот  машғулнабуда оид ба мудофиаи […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ИТТИЛОИЯ АЗ ИҶЛОСИЯИ ЧОРДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Санаи 2 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи чордаҳуми (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он даҳ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.            Дар кори иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

Таърихи 2 апрел  ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳрдорӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.    Зимни суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ зиёда аз 1000 ҷавонони далери шаҳр хизмат намуда, даъватшавандагони нав ба сафи […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БОЗ ҲАМ ЗЕБО МЕШАВАД

Дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ дар авҷ аст.  Хусусан дар гирду атрофи бозорҳо ба танзим даровардани нақлиёт амалӣ гардида, бар ивази танбаи доимии нақлиёт ду шафати роҳҳоро гулдонҳои зебо бо гулҳои шукуфон оро медиҳад. Хатсайрҳо тибқи самти ҳаракат ба ҷойҳои мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи бехатарии роҳ кӯчонида шуд. Алалхусус терминали “Ваҳдат-2012”, баъд аз ифтитоҳи ботантана, […]

Иҷтимоиёт

АМАЛИ ХАЙР

Дар Хонаи кӯдакони ш.Турсунзода  бахшида ба иди байналмилали Наврўз аз ҷониби хадамоти амнияти КВД «Ширкати Алюминийи Тољик» кӯмаки моддӣ расонида, дастурхони идона ороста шуд. Кӯдакони муассиса амали хайри эҳсонкоронро бо сипосгузорӣ қабул намуда,  ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай шеъру таронахонӣ намуданд.

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Фотолавҳа

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

  Наврӯзи байналмилалиро мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тоза зери Парчами  якдиливу ҳамбастагӣ пешвоз гирифтанд. Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ҳайати меҳмонон- намояндагони шаҳру навоҳии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистонро, […]

Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

   Дар шаҳри Турсунзода 20 марти соли 2018 ба муносибати Рӯзи фарҳанг бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода  Абдуқодир Вализода маҷлиси ботантана баргузор шуд. Абдуқодир Вализода кормандони фарҳанги шаҳрро ба муносибати “Рӯзи фарҳанг” табрик намуда, изҳор дошт, ки  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  рушди […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Таҷлил

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

Барои насли навраси деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Наврӯзи имсола хотирмон оғоз гардид. Зеро дар арафаи ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ дар МТМУ №92 деҳа бо ибтикори соҳибкорон ва саховатмандони маҳаллӣ толори варзишӣ бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба ин муносибат дар муассисаи таълимӣ маҷлиси ботантана баргузор […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Наврӯзи байналмилалиро сокинони деҳаи Саъдии Шерозӣ ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо дастовези наврӯзӣ пешвоз гирифтанд.  Дар деҳаи Саъдии Шерозӣ бо дастгирии соҳибкорон ва саховатпешагони ҷамоати деҳот бо харҷи беш аз 102  ҳазор сомонӣ ва меҳнати дастаҷамъонаи сокинони деҳа  маркази саломатӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии Лоиҳаи “Наҷоти […]

Сиёсат

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт. Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва […]