Хабарҳо

ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН» ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар даҳҳо фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки ба рушди фарҳанги миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани ҳисси миллии насли ҷавон мусоидат менамояд.
Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Фестивали мазкур, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №318, дар доираи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 баргузор мегардад, маҳз ба хотири тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷараёни баргузории даврии шаҳрии фестивали мазкур дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода аён буд, ки занону бонувони ин гӯшаи Ватан аз ҳунари волои дӯзандагиву тарроҳӣ, интихоби нақшу нигори қадимаи миллӣ, тарҳи либосдӯзӣ ва интихоби матову эҷоди нақшҳои гуногунрангу гуногунмазмун бархурдоранд ва онро бо ифтихори баланди миллӣ анҷом медиҳанд.
Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр, ки саропо тараннумгари ҳунари бемисли чакандӯзону гулдӯзон буд, фазои идонаи фестивалро боз ҳам ҷолибтар намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода Фахрия Бобоҷонзода номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба ҳар як иштирокчӣ, бонувони ҳунарманд, дӯзандагони чиррадаст, тарроҳону қаламкашон ва чакандӯзону сӯзанидӯзон, ки бо намоиши беҳтарин дастовардҳо, нақшу гулдӯзиҳо, сӯзаниҳо ва намунаи чаканҳои зебо даври шаҳрии фестивалро ба ҷашнгоҳи ҳақиқӣ табдил доданд, изҳори сипос намуда, ба беҳтаринҳо диплом ва ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои раиси шаҳри Турсунзода тақдим карданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *