Хабарҳо

ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОНОВ 10 ГЕКТАР ЗАМИНИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БОЗМОНДА АЗ ХУД КАРДА МЕШАВАД.

print

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Қаратоғ, ки аз ҷониби роҳбарияти хоҷагии деҳқонии”Боғи Сомон” роҳандозӣ гаштааст, ошноӣ пайдо намуданд. Дар аснои боздид ба раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ дода шуд, ки бо анҷом додани ин ташаббус зиёда аз 10 гектар заминҳои обии дар натиҷаи селу обхезиҳо аз байн рафта, аз худ карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Дарозии умумии соҳили мустаҳкамгардида зиёда аз 2500 метрро дар бар мегирад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *