Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нишасти матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо ҳузури хабарнигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баргузор гашт. Дар ҷараёни нишаст хабарнигорон бо нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ошно гардида, вобаста ба масъалаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сифати сохтмони хонаҳои баландошёна,, таъминоти эҳтиёҷмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, рафти омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сабтҳои охирин
ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Ҷашни Меҳргон, аз анъанаҳои миллӣ ва бостонии мардуми тоҷик ба шумор рафта, дар шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Меҳргон 35 нафар собиқадорону кишоварзон ва роҳбарияти чанде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии ӯзбекистон Хоҷаев Саидкамол ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. […]
МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода машғулиятҳои омодагии мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо баъд аз бонг дар ҷойи муайяншудаи машқӣ ҷамъ омаданд. Рафти ҳолати омодабошӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Турсунзода мавриди санҷиш қарор гирифт. Баъд аз […]
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ
Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот […]