Хабарҳо

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРУСНЗОДА

print

Имрӯз дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ, бинобар сабаи ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисод ва савдо озод карда шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Азимҷон Бахтиёр таъин гардид.
Азимзода Азимҷон Бахтиёр 8 майи соли 1992 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2014 Донишгоҳи молияи Федератсияи Руссияро (рӯзона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии Азимҷон Азимзода соли 2015 ба ҳайси мутахассис дар Нозироти андози шаҳри Турсунзода оғоз гашта, минбаъд дар дар вазифаҳои гуногуни дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2020 то инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи баҳисобгирии даромадҳои Нозироти андози андозсупорандагони калон дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 6 феврали соли 2023, №207 Азимзода Азимҷон Бахтиёр ба вазифаи муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи иқтисод ва савдо таъин гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *