Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2022

print

Дар ҷаласаи солонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ҷамъбаст гардид.
Дар ин маҷлис таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам баргузор гашт, бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Нуралӣ Маҳмадулло иштирок намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2022 муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат бо маърузаи ҳисоботӣ баромад намуда, нишондодҳои рушди соҳаҳои саноату энергетика ва иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро ба пуррагӣ пешниҳод намуд.
Дар асоси ҳисоботи пешниҳодшуда раиси шаҳри Турсунзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои соҳаҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Барои пешбурди фаъолият дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ дар назди муовинони соҳавии раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар анҷом як қатор роҳбарон ва фаъолон, ки дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, рушди маҳал, иҷрои нақшаҳо ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкории шаҳр саҳми арзанда доштанд, аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода бо Диплом, Вимпел ва Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *