Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар асоси нақшаи дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода қабули сайёри шаҳрвандони ҳудуди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳаҳои Нақшбандон, Нуристон, Хуррамзамин, Пайканд, Меҳргон -1,2,3,4, Бахтовар-1,2, Лоҳутӣ, Намуна ва Файзбахш баргузор гардид. Дар деҳаи Накшбандон нахуст раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар расми ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонӣ, […]

Хабарҳо

ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ БЕШТАР БУД

Дар ҷараёни вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Турсунзода вакилони мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа ва Маҳмудзода Музаффар бо аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон, фарҳанг, намояндаи занон ва дигар фаъолони ҷомеа суҳбат оростанд. Дар ин ҳамоиш вакилони мардумиро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва муовини раиси шаҳр ҳамроҳӣ намуд. Зимни шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми […]

Хабарҳо

МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАРҲИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, дастури роҳнамое барои фаъолияти минбаъдаи тамоми хоҷагии халқи мамлакат гаштааст. Мардуми шаҳри Турсунзода низ, мисли дигар сокинони кишвар аз пайи омӯзишу амалигардонии ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат ҳастанд. Вакили […]

Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2022

Дар ҷаласаи солонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ҷамъбаст гардид. Дар ин маҷлис таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам баргузор гашт, бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Нуралӣ Маҳмадулло иштирок намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар […]