Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 9

print
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бинои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат мавриди истифода қарор дода шуд.
Тибқи маълумоти соҳибкор Холназаров Саидҷаъфар лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Устувор” омода гардида, бинои истиқоматӣ бо ҷалби беш аз 25 нафар бинокорони маҳаллӣ дар давоми тақри 2 сол сохта, ба истифода дода шуд.
Иморат 84 хонаи дорои 1, 2 ва 3 ҳуҷра буда, лифти муосир дар хизмати сокинон қарор дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *