Экология

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

print
Дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони соҳа, ва ғолибони озмунҳои экологи чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳзокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон як қатор собиқадорони соҳа ва ғолибони озмунҳои экологӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.
Дар идома ғолибони озмуни экологӣ дар номинатсияҳои расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, ролики беҳтарин ва кори меъмории беҳтарин бо ифтихорномаю туҳфаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр сарфароз гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *