Суханрониҳои раис Таҷлил

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77 –УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА

print
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамдиёрони азиз!
Возможно, это изображение текст «UDU галаба муборак MA»Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 77-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги фоҷиабортарини таърих ҷоннисориҳо кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ менамоянд.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони шаҳри Турсунзодаро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар фарди диёр фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки қӯшунҳои хуношоми гитлерӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз лиҳози шумора ва таҷрибаи ҷангиву аслиҳа бартарият доштанд, вале ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст, ки он намунаи муборизаи якдилонаву озодихоҳонаи халқу миллатҳои сулҳдӯст арзёбӣ мегардад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаандДар ин радиф, беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода низ баҳри дифои Ватан синаи худро сипар карда, зиёда аз 2200 нафари онҳо баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ҷоннисорӣ намудаанд. Мадфани шаҳидони Ватан майдони ҷанг ва зери қабри аскари номаълум буда, номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, кору пайкор, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони Ватан ҷавидонӣ ва фаромӯшнопазир аст.
Дар даврони ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистони азизи мо ҳамчун ақибгоҳи ёрирасони ҷанг ба корзори бузурги меҳнати сангин табдил гардида буд. Ақибгоҳ низ майдони корнамоиҳо ба ҳисоб рафта, садҳо ҳазор модарону кӯдакони миллат гуруснаву нимбараҳна заҳмати пурмашаққат кашида, охирин луқмаи худро “Ба фронт – барои Ғалаба” фиристода, ба ивази сиҳативу ҷони худ дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат собиқадорони ҶБВ ба парасториву нигоҳубин ва ғамхориҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иқдоми ғамхоронаи муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати эҳтирому қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ татбиқ намуда, нигоҳубин ва шароити мусоиди зиндагиро барои онҳо таъмин ва таҳти ғамхории доимӣ қарор медиҳад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадорон ва 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ карда, чун шахсиятҳои барӯманд, пирони рӯзгордида, дар ҷомеа обрӯву эътибори хоса дошта, канори фарзандону пайвандон ва таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат давлати пирӣ меронанд.
Ҷиҳати тарбияи ватанпарастонаи насли ҷавон дар маркази шаҳр “Боғи Ғалаба” ва дар деҳаи Қаратоғ “Лавҳаи хотира” – и собиқадорони ҶБВ мавҷуд буда, ҳамчун мавзеи гиромидошти корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан ва мавзеи баргузории чорабиниҳои ватандӯстона пазируфта шудааст.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Оқибату сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва муборизаи сулхҳонаи оламиён бар зидди фашизм таҳкими сулҳу субот, дӯстиву рафоқати халқҳо ва иттиҳоду рафоқатро аз ҳама давлатҳои ҷаҳон тақозо менамояд. Хусусан вазъи кунунии ҷаҳон бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, ба амнияти мардуми сайёра зуҳури фашизм, терроризму ифротгароӣ таҳдид намуда, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Аз ин лиҳоз вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавон ва ҳифзи манфиатҳои давлативу миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Эътимод комил дорем, ки сокинони шарафманди шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ ва эҳсоси меҳанпарастиву инсонпарварӣ насли солим ва соҳибмаърифатро тарбия ва ба хизмати Ватан-Модар сафарбар менамоянд.
Бо ибрози ниятҳои нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бори дигар собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми меҳнатидӯсти шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори 77 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини диёр саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро орзу менамоем.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Комментировать
Поделиться

Комментарии: 0

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *