Хабарҳо

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ СЕЛ

print
Дар натиҷаи боришоти зиёди шаби гузашта дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият об аз маҷрои каналу заҳбурҳо ва селбурҳо баромада, роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, ки баландии он аз 50 то 70 см-ро ташкил медиҳад. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр Акрамзода П.А. ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Иброҳимзода Эмомалӣ ситоди ҳолатҳои фавқулодда ташкил гардида, сокинон ба ҷои бехавф,кӯчонида шуданд. Барои бартарафсозии оқибати офати табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр техникаи зарурӣ ташкил гардида, афсарону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи гражданӣ ба корҳои бартарафсозӣ сафарбар гардиданд. Дар деҳа комиссиия фаъолият намуда, хисороти расидаро муайян менамояд.

Комментировать
Поделиться

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *