Тандурустӣ

АЗНАВСОЗИИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

print
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, яке аз бахшҳои муҳим ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди соҳа ба масъалаи тарбияи мутахассисони миёнаи касбии самти тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ равона мегардад.
Дар доираи тадбирҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи собиқ бинои Беморхонаи марказии шаҳр таҷдиду азнавсозии бинои таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода оғоз гардид.
Имрӯз аз ҷараёни корҳои созанда раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дидан намуданд. Масъулини сохтмон иброз доштанд, ки бинои нави таълимӣ то оғози соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *