Маориф Хабарҳо

БУНЁДИ МАКТАБИ МУОСИР ДАР ДЕҲАИ ФАЙЗБАХШ

print
Корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди МТМУ№93 дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода барои 624 ҷои нишаст муташаккилона идома дорад.
Имрӯз зимни шиносоӣ бо рафти корҳо ба раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иттилоъ дода шуд, ки насби тирезаҳои бино ба итмом расида, бинокорон ба корҳои пардозии дохили иншоот машғуланд. Ҳамзамон хатҳои барқгузар васл гардида, насби хати гармидиҳанда дар ҷараён аст.
Тибқи нақшаи сохтмончиён иншооти мазкур дар оғози соли нави таҳсил сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
и

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *