Қабули сайёри навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев баргузор шуд. Дар ибтидо Акрамзода Парвиз Акрам Акрам бо раисони маҳаллаҳои ҳудуди деҳот суҳбати озоду самимӣ баргузор намуда, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу амонӣ ҳукмрон буда, мардум […]
Воқеаҳои мудҳише, ки 19 майи соли ҷорӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз ба вуқуъ пайваст, ҳеҷ инсони соҳибфазли чомеаи моро бетараф гузошта наметавонад. Тибқи маълумотҳо бетартибиро аъзои созмони террористиву эктремистии «Давлати исломӣ», ки дар Тоҷикистон фаъолияти он тибқи қонун мамнуъ аст, оғоз намуда, аввал се корманди […]
Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.