Таҷлил Хабарҳо

ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

print
Имрӯз сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаи таҷлили ин рамзи муқаддас аз гулчанбаргузорӣ дар пояи Парчами давлатии шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иброз доштанд, ки ки халқи сарбаланди тоҷик таърихи ҳазорсолаи парчамдорӣ дошта, бо шарофати соҳибистиқлолии ватан ва сиёсати ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат Парчами давлатӣ ҳамчун таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ифодагари иқболу Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ҳувияти миллӣ аз нав дар фазои Ватан парафшон гардид. Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо сурудҳои ватанпарваронаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр мутантан гардид.
и ещё 2
Посмотреть статистику
Охват публикации: 0
Дилшод Рахмонов, Sorbon Ruziev и ещё 8
Поделились: 8

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *