Маориф Хабарҳо

БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

print
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, инчунин омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз як қатор муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навобод ва Пахтаобод дидан намуданд.**
**Зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ раиси шаҳр аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзанд. Дар оянда касбу ҳунар омӯхта ба Модар -Ватан хизмати содиқона намоянд.
Ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки дар баробари таълиму тарбияи насли ояндасоз дар муассисаҳои таълимӣ ба тозагиву ободӣ ва давраи зимистонгузаронӣ мароқи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *