Варзиш Хабарҳо

МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ-ТАШАББУСИ ШАҲРДОРӢ ВА ИҚДОМИ ВАКИЛИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Сокинони деҳаи Пайканди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтитоҳи майдони варзишӣ барои футбол ва волейбол истиқбол гирифтанд. Бунёди иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастурҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иқдоми вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов ва дастгирии сокинони деҳа сурат […]

Хабарҳо

БИНОҲОИ НАВИ ХИЗМАТӢ БАРОИ САРҲАДБОНОН

Имрӯз бо иштироки фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Шуъбачаи назорати сарҳадии “Дӯстӣ”-и марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави хизмативу маишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар биноҳои нав барои афсарону аскарони сарҳадбон ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизмат ва […]

Таҷлил Хабарҳо

ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаи таҷлили ин рамзи муқаддас аз гулчанбаргузорӣ дар пояи Парчами давлатии шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иброз доштанд, ки ки халқи сарбаланди […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам. ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз, Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ ҷашни яке аз рамзҳои муқаддаси милливу давлатӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем. Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлол, давлатдорӣ, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат […]

Маориф Хабарҳо

БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, инчунин омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз як қатор муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навобод ва Пахтаобод дидан намуданд.** **Зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ раиси шаҳр аз хонандагон даъват ба амал […]

Аҳолӣ Тандурустӣ Хабарҳо

АЁДАТИ ХОНАВОДАИ МАЪЮБ

Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.