Таҷлил

ТАНТАНАИ РӮЗИ МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ

print
Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба ин муносибат кормандони мақомоти милитсиярро муборакбодӣ намуда, иброз доштанд, ки милитсияи тоҷик дар масири фаъолият вазифаи мураккабу муҳими давлатиро иҷро намуда, хизмати арзандаро имрӯзҳо низ сарбаландона идома дода истодааст.
-Дар даврони соҳибистиқлолӣ кормандони милитсияи тоҷик вазифаҳои худро бошарафона иҷро намуда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд, иброз доштанд раиси шаҳр.
Ҳамчунин сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Алихон Рустам доир ба таърих, хизматҳои шоён ва саҳми милитсияи тоҷик дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун суханронӣ намуд.
Дар идома ба як қатор кормандон, собиқадорони соҳа ва фаъолон нишони “Барои ҳамкорӣ бо милитсия”, ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, рутбаҳои навбатӣ ва мукофотпулӣ супорида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *