Саноат

БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ

print
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” корхонаи пахтатозакунии шаҳри Турсунзода – ҶДММ “УТАГАН-К” ҳамарӯза беш аз 30 тонна маҳсулотро коркард менамояд.
Имрӯз аз ҷараёни фаъолияти корхона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дидан намуданд.

Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки корхона дар баробари тоза ва тойбандӣ намудани пахта, ҳамчунин барои кишоварзон навъҳои гуногуни тухмии пунбадонаро омода менамояд.
Бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳо дар ҳудуди корхона кишти шолӣ ба роҳ монда шуда, дар гармхонаҳо лимӯ ва гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд.
Раиси шаҳр таъкид доштанд, ки масъулинро мебояд фаъолияти корхонаро вусъат бахшида, инчунин заминҳои ҳудуди корхона ва гармхонаҳои онро дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ низ босамар истифода намоянд.

Комментировать
Поделиться

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *