Таҷлил

ТАНТАНАИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

print
Имрӯз ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки фаъолон, аҳли зиё ва ҷавонони фаъол чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иштирокдорон ва кулли сокинони шаҳрро ба муносибат ин санаи фархунда муборакбод намуда, иброз дошт, ки агар ниёгони соҳибхиради мо дар тӯли асрҳо забони тољикиро њамчун забони ҳикмат, шеъру адаб ва андарзи ахлоқ ба ҷаҳониён шинос карда бошанд, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бошад, муҳтарам Пешвои миллат бо забони шевои модарӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ суханронӣ карда, масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили сулҳу амният, дӯстиву бародарии оламиён ва масоили экологиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.
Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги шаҳр манзури ҳозирин гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *