Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

print
Ба ифтихори 24-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки фаъолон, собиқадорон, кормандони бахшу сохтори мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чорабинии ботантана баргузор шуд.
Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, дар таърихи навини Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи сиёсати ваҳдатофар ва хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат мардуми кишвар ба ин неъмати арзишманд шарафёб гардиданд. Дар натиҷаи ваҳдату ҳамдилӣ мардуми меҳнатдӯсти кишвар ҷиҳати фардои гулафшон зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ ва фазои сулҳу амонӣ меҳнати пурсамар менамоянд.
Дар идома ҳунармандони Муассисаи давлатии “Оркестри симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертӣ рӯи саҳна омада, хотирини ҳозиринро шод ва ба тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳусни идона зам намуданд.
ИФТИТОҲИ ҲАММОМИ РОЙГОН
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Фонди эҳсонкории “СИТОРАИ ФАЙЗБАХШ” дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоатти деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҳаммоми замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамоми мазкур дорои тамоми шароитҳои муосир буда, ҳафтае ду рӯз барои мардуми деҳот ройгон хизматрасонӣ менамояд.
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ДЕҲАИ ШАРҚИЁН
 Дар деҳаи Шарқиёни Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Маркази савдо иборат аз мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, нуқтаи таъмири нақлиёт ва дир нуқтаҳои хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи иншоот муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ ширкат варзида, сокинонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, ҷиҳати идомаи корҳои созанда бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳо таманно намуд.
БИНОИ НАВИ КОРӢ БА ГУМРУКЧИЁН
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дидбонгоҳи нави гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он тамоми шароити мусоиди корӣ фароҳам гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштирок намуданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омўзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ иборат аз маркази машваратии тестӣ ва маркази ҳунаромузии истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.Возможно, это изображение (на открытом воздухе и текст «марка машварати»)
Дар тантанаи ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ Миралӣ, омўзгорону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат намуданд.

МАРКАЗИ САЛОМАТӢ – ОМОДАИ ХИЗМАТ

Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Регар Маркази саломатии деҳавӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардории сокинони маҳал қарор гирифт.Возможно, это изображение (один или несколько человек и люди стоят)
Муассисаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатху сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари ташкилоти хайриявии “Эҳёи Сомониён” Ҷӯрабек Муҳибов сохта, ба истифода дода шуд.
ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАРБДОР
Возможно, это изображение (трава)Дар маросими тантанавии ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия ширкат варзида, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва буёди иншооти мазкурро ба сокинони маҳал шодбош гуфт.
Барои саҳми муносиб дар ободониву корҳои ҷамъиятӣ ва бунёди майдончаи мазкур фаъолони деҳа бо Сипосномаи Ҷамаоти деҳоти ба номи Т. Туйчиев қадрдонӣ шуданд.
 ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ РАБОТ
Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Работи ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода толори варзишӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгузории роҳбарияти ҷамоати деҳот ва сокинони маҳал мавриди истифода қарор дода шуд.
ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ҶОВИДОН
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳот сокинони деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ майдончаи варзиширо бунёд ва мавриди истифодаи насли наврас ва дӯстдорон варзиш қарор доданд.

МАРҲАМАТ БА ОШХОНАИ “РОҲИ АБРЕШИМ

Дар доираи нақшаи чорабинии Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи ба номи Сайдалӣ Табарови Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ошхонаи милии “Роҳи абрешим” ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирӣ ва болидарӯҳии ниёзмандон ба 10 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
ХАТНАСУРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ХАЙРИЯВӢ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Санавбар Шамсуллоева хатансури 62 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Ба ин муносибат аз ҷониби соҳибкор ба кӯдакон сару либос тақдим гардида, дастурхони идона ороста шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *