Аҳолӣ

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ ҚАРАТОҒ

print
Қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ баргузор шуд.
Зимни қабули сайёр сокинони маҳал аз раиси шаҳр дархост намуданд, ки дар ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзишӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои манзили истиқоматӣ, инчунин қитъаи замин барои таъсиси хочагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, таъмини трасформатори иловагӣ ва таъмиру қумфаршкунии роҳҳо мусоидат намояд.
Дар ин замина раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ” дархостҳои сокинон мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *