Имрӯз рӯзноманигорони Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳияи барномаи тарғибкунандаи дӯстӣ ва имкониятҳои васеи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадии байнидавлатии “Дӯстӣ” мавқеъ дар шаҳри Турсунзода меҳмононро муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат дар фазои тантанавӣ пазироӣ ва бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода шинос намуд. Ҳамчунин дар сарҳад бо зумраи шаҳрвандони ду ҷониб доир ба рафтуомад суҳбат доир гардид. Аз ҷониби шаҳрвандони ҷонибҳо иброз шуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандони роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати давлатӣ барқарор гардид. Шаҳрвандони ҳарду ҷониби сарҳад иброз доштанд, ки ҳарчанд, карантини бемории коронивирус, ки байни тамоми мамолики олам монеаи рафтуомадро ба вуҷуд овард, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бидуни сарҳад аст ва мо ифтитоҳи сарҳадро бесаброна интизорем. Сафари рӯзноманигорон ба ХД “Боғи Сомон” идома ёфта, доир ба фаъолияти хоҷагӣ, дастгириҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати густариши токпарварӣ ва ташрифи роҳбарони олии ду давлати дӯст ба токзорҳои хоҷагӣ суҳбат ороста шуд. Дар хоҷагии деҳқонии “Ватан” суҳбати кишоварзи шинохта, токпарвари номӣ Усмонов Неъмат бо рӯзноманигорон ба вуқуъ пайваст. Токпарвари шинохта иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари тоҷику ӯзбек дӯсту ҳамдилона зиндагонӣ карда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамчунин Усмонов Неъмат ба меҳмонон доир ба фаъолияти хоҷагӣ, парвариши навъҳои гуногуни ангур ва навъҳои мухталифи дарахтони нодир, анҷоми корҳои обониву саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ маълумот манзур намуд.
Сабтҳои охирин
Фирори модари тоҷик аз “дӯзах”-и ДИИШ
Posted on Author Tursunzoda
Нооромиҳо дар Шарқи Наздик ҳазорҳо сокинони кишварҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба коми худ фурӯ бурдааст.
Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамчун созмони террористӣ ва ғайридинӣ эътироф кард
Posted on Author Tursunzoda
Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои ифротиро, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ ақидаҳои ҷанг, ошӯб ва нооромиро таблиғ мекунанд, дар асоси фармудаву асосҳои динӣ ҳаракати зиддимардумӣ, зиддидинӣ ва террористӣ эълон намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабарии www.skyarabia.com (Middle east).
Сатре, ки ту дорї, ба яќин моли риё аст (чанд љумла андар риёкорињои расонаии навбатї)
Posted on Author Tursunzoda
Сомонаи Паём, ки муддатњост дар сафањоташ хурофоту љањолат, риёву ѓараз ва кинаву адоватро љо медињад, ба љуз таассубу бењувиятї чизи дигаре дар ќолаби «Паём» ба хонандагон ба армуѓон намеоварад.