Фарҳанг

КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ САНЪАТ

print
Имрӯз 10 майи соли 2021 дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии МД мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Дар ҷараёни консерт бо иштироки муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, волидон ва устодони хонандагони муассиса ширкат намуданд.
Дар ибтидо маҳсули эҷодии рассомони навраси ин боргоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар барномаи ҳисоботии мактаби санъат асарҳои бастакорони муоири классик ватаниву хориҷӣ ва суруду рақсҳои дастпарварони мактаби мазкур манзури тамошобинон гардид.
Дар фарҷом муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия ба консерти ҳисоботии муассисаро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ изҳори сипос намуда, барои саҳми муносиб дар тарбияи фарҳангии насли наврас муассиса ва омӯзгорони фаъолро бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *