Хабарҳо

ЭҲСОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

print
Рамазон моҳи хайру эҳсон буда, дар ояти каломуллоҳ омадааст:- «Шумо корҳои хайрро анҷом диҳед, ки шояд растагор шавед». Инчунин дар бобати саховатмандиву эҳсонкорон Расули Акрам (с) дар ҳадиси худ фармудаанд, ки «Агар шахсе ҳоҷати бародареро барорад, Худованд ҳоҷати ӯро бароварда созад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки: «Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад».
Дар ин замина бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов (Ташкилотит хайриявии “Эҳёи Сомониён”) ба 60 нафар кормандони Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр, ки пайваста ҷиҳати ободонии шаҳр заҳмат мекашанд, кӯмаки моддӣ (ба ҳар як нафар 50 кг орд, 5 кг биринҷ, 5 кг шакар, 5 кг макарон, 5 литр равғани растанӣ, чой ва хурмо) расонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *