Хабарҳо

КИШТИ ПУНБАДОНА

print
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни кишти пунбадона дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Самир”, ки яке аз хоҷагиҳои пешқадами шаҳр маҳсуб меёбад, ширкат варзида, бо дуои неки пирони кор, муктахассисони соҳа ба мавсими кишти пунбадона оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилои раиси хоҷагӣ Холов Шавкат Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Самир” дорои 275,28 га замини обӣ ва 408 га замини лалмии корам буда, соли љорӣ дар 170 гектари он пунбадона кишт карда мешавад. Инчунин дар заминҳои дигар навъи гуногуни сабзавот ва ғалладонагӣ кишт гардида, парвариш меёбад.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дурнамо ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар ваҷаб замин самаранок истифода гардида, хоҷагидорон парвариши зироатро бо шаклу усулҳои муосир амалӣ намуда, бо гирифтани 2-3 ҳосил ҷиҳати таъмини сокинони шаҳр ва бозорҳои дигари мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *