Фаъолияти намояндагон

СУҲБАТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

print
Имрӯз вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дар шаҳри Турсунзода бо устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи таълимии давлатии коллеҷи металлургии шаҳр баргузор гардид.
Дар ибтидо аз ҷониби вакилон мардумӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шарҳ қарор дода шуда, ба ҳозирин вобаста ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, маълумот пешниҳод гардид.
Дар идома вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омӯзизиши касӣубу ҳунар, эҳсоси ватандӯситу меҳанпарастии насли ҷавон, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан суҳбат ороста шуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаи иштироки фаъолна дар озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» равона гардид. Аз устодон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, муҷаҳҳазгардонии синфҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби занону духтарон ба донишу ҳунаромӯзӣ ва иштироки фаъолонаи сокинони шаҳр дар корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии мамлакат суҳбат ороста шуд.
Баъд аз баромади вакил вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра саволу посух сурат гирифт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *