Хабарҳо

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А ба муносибати РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

print
Муҳтарам кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрику муборакбод намуда, сиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулу пуршараф бурдбориву муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд.
Мақомоти прокуратура яке аз ниҳоди боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб саҳми босазо дорад.
Фаъолияти Покуратураи мамлакатро қаноатмандона арзёбӣ карда, муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд:
«Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, пойдор гардонидани қонуният ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст».
Прокуратураи шаҳри Турсунзода ҳамчун ниҳоди муҳимми давлатдорӣ фаъолияти худро самти ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азиз нақши босамзо дорад.
Бо ифодаи чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми кормандони прокУратураи шаҳри Турсунзодаро самимона табрик намуда, сиҳатмандӣ саодати рӯзгор ва дар амалисозии пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат барору комёбиҳоро таманно дорем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *