Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ

print
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва иштироки кормандони соҳаи матбуоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд.Раиси шаҳр зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки матбуоти шаҳри Турсунзода таърихи 85 сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи Истиқлоли давлатӣ рост меояд. Дар шаҳр 5 нашрия, инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» фаъолият намуда, бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва ифшои масоили рӯзмарра дар пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр саҳми муносиби худро мегузоранд.

Баъдан як қатор собиқадорон ва фаъолони соҳа бо сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қардонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *