Маориф

БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

print
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. зимни баргузории қабули сайёри шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Қатароғ, инчунин бо рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ ва фаъолияти Маркази инкишофи кӯдак дар назди МТМУ№37 шинс шуд.
Тибқи маълумоти директори муассиса Раҷабов Ашуралӣ 70 фоизи корҳои сохтмонӣ дар толори варзишӣ ба анҷом расида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода мешавад.
– Маркази инкишофи кӯдак, ки дар назди муассиса фаъолият дорад, тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 таъмир ва бо таҷҳизотии зарурии таҳсил муҷаҳҳаз гардид. Айни ҳол 40 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар 2 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаврол гирифта шудаанд, -изҳор дошт Раҷабов Ашуралӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *