Нуқтаи назар

КИТОБ – БЕҲТАРИН  АНИСИ  ТАНҲОӢ

print

Китоб мӯъҷизае мебошад, ки аз тарафи устодони сухан  ба мо ташнагони илму дониш пешкаш мегардад. Он ягона дӯсте аст, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва мӯниси туст дар танҳоӣ. Ҳатто дар сафар ҳамсафар ва дар иқомат ҳамзисти туст. Ба он ҳар қадар назар кунӣ, малакат зиёд, ақлат расо ва дилат кушоду равшан мегардад. Ҳатто агар ба он меҳр банди аз наздат дур кардан ҳам наметавонӣ. Дар шодӣ ҳамсафар ва дар ғамҳои замона шодкунандаи рӯҳу ҷони туст. Баъзан он донишеро, ки аз китоб дар муддати вақти кӯтоҳ аз бар мекунӣ,  аз олимону донишмандон дар як моҳ , ҳатто дар як сол ҳам ҷамъ оварда наметавонӣ.  Он раҳнамоест, ки туро аз бекориву беҳу-дагӯйиву ғайбати мардум дур месозад. Дар он меҳри ватандорӣ ва садоқат ба имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон нигошта шудааст. Ба воситаи он мо гузаштагони худ – шоирону нависандагон, алломаҳои давру замон, касбу ҳунар ва боигарии Ватани худро дармеёбем. Ҳатто аз панду ҳикматҳо ва насиҳатҳои бузургонамон бархурдор шуда, онҳоро ҳамчун шиносномаи худ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем. Дарҷ гардидани ҳикматҳо ба мо ба воситаи китоб рӯҳу ҷони тоза ва нав ба навро ҳадя мекунад, мо бошем аз хату саводе, ки аз он гирифтаем дар миёни халқ обрӯи беандоза ва соҳибилм мегардем.

Вақте, ки мо ба китобхонӣ машғул мешавем, бояд ҳаматарафа фикри худро ҷамъ намуда, ба он махзани илм рӯй оварда, дар тафаккуру зеҳнамон онро тасаввур кунем, то ин ки ҷавҳари онро дарёбем. Дар мавриди мутолиаи китоб фармудаанд:

Сад хона китоб хондиву нест ба ёд,

Бояд, ки китобхона дар сина бувад!

Хатиби Бағдодӣ, дар хона, дар кӯча ва дар  бозор ҳам дар даст китоб дошту мутолиа мекард.

 Ин дӯсти беозорат дар бурро шудани суханат ёрии калон мерасонад ва ҳатто аз мардумони бадхоҳ дӯсташро дур месозад.

Зеро гуфтаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Абӯубайда ба фарзандони худ насиҳат кард, ки дар бозор бисёр наистед, магар дар ҳузури зарод ва варроқ (зарод касест, ки китобҳоро ҷилдбандӣ мекунад ва варроқ касест, ки китобҳоро ислоҳ менамояд). Китоб мӯъҷизаест, ки ба мо қадри ватандорӣ, ишқу муҳаббат ба гузаштагони меросдори мо мондааст, ҳамчун оина пешкаш менамояд.  Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб аст, дарахти пурсамареро мемонад, ки ҳар лаҳза бо меваҳои ширинтару гувороаш инсонро хушҳол мегардонад.

Инсон аз тамоми мавҷудоти рӯи замин бо ақлу заковат фарқ мекунад, ки ин худ аз худ пайдо намешавад ва ин ақлу заковат ба воситаи мутолиаи китоб ба ҳар як шахс муяссар мегардад. Машҳуртарин олими ҳамаи олимон ин китоб мебошад. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, бояд ба маъниҳои он сарфаҳм рафта, ба мазмуну мундариҷаи он диққати ҷиддӣ бояд диҳад. Пас мо ҷавононро лозим аст, ки барои мутолиаи китоб ҳавасманд бошем ва дари хазинаи илму маърифатро ба худ бикшоем то ин ки инсони боақлу маърифат, асил ва худогоҳ шавем.

Муниршоҳ ГАДОЕВ,

донишҷӯи курси 1-уми

факултети кимиёи ДМТ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *