Кишоварзӣ

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРОН

print
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни баргузории рӯзи қабули сайёр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз хоҷагии деҳқонии инфиродии “Файзулло” дидан намуда, бо фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ шинос шуд.
Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои беш аз 4 га замин буда, асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст. Хоҷагидорон соли ҷорӣ сабзавоти гуногун аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфури навъи булғорӣ ва ду навъи карамро кишт намуда, ҳосили хуб ҷамъоварӣ намуданд. Дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти хоҷагӣ инчунин ба бозорҳои пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бароварда шуд.
Имрӯзҳо дар саҳро ҷамъоварии ҳосили карам идома дошта, тибқи маълумоти деҳқонон ҳосили он ба 400 сентнер баробар аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *